савлат — I [صولت] а. ҳайбат, салобат: аз савлаташ об ях мекунад (мақ.) 2. ҳашамат, шукӯҳ, виқор; калонгирӣ; бо савлат бо виқор: бо савлат қадам ниҳодан II [صولت] а. ҳамлаи бо хашму ғазаб, бо қаҳр ҳуҷум кардан; хашмгинӣ, қаҳру ғазаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
босалобатӣ — [باصلابتي] босалобат будан; салобатнокӣ, савлат доштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
виқор — [وقار] а. тамкин, бурдборӣ, вазнинӣ; савлат, ҳайбат; бо (камоли) виқору тамкин ниҳоят бурдборона, хеле ботамкинона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дабдаба — [دبدبه] а 1. ҳашамат, карруфар, шукӯҳ 2. намоиш додани ҷоҳу ҷалоли худ; дабдаба карда гаштан савлат карда гаштан, калонигарии худро намоиш додан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
салобат — [صلابت] а 1. сахтӣ, мустаҳкамӣ, қоимӣ 2. савлат, маҳобат, ҳашамат; салобати касе зер кардан касеро аз ҳашамат ва салобати касе худро гум кардан 3. кит. тарс, ваҳм … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳайбат — [هيبت] а 1. тарсоварии намуди зоҳирии касе, чизе 2. савлат, калонӣ, шукӯҳ, воҳима … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ